ӯҳда

ӯҳда
[عهده]
а. тааҳҳуд, зимма; ҷавобгарӣ, масъулият; ӯҳда карда тавонистан а) иҷро (анҷом, буд) карда тавонистан; б) идора карда тавонистан, ба даст гирифта тавонистан; ба тартибу низом андохта тавонистан; аз ӯҳдаи коре баромадан кореро иҷро карда тавонистан, ба ҷо оварда тавонистан; аз ӯҳдаи кори касе баромадан кори касеро анҷом ва буд карда тавонистан; ба ӯҳдаи худ гирифтан ӯҳдадор шудан, ба зимма гирифтан, масъули иҷрои коре шудан; ба ӯҳдаи касе будани коре ба зиммаи касе будани иҷрои коре; кореро ба ӯҳдаи касе гузоштан иҷрои кореро ба касе супоридан, масъулияти кореро ба касе вогузор кардан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»